Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз САНА, манбаъҳои сурӣ аз таҳаррукоти ҷадиди режими саҳюнистӣ дар ҷануби Сурия хабар доданд.
Манбаъҳои сурӣ эълом карданд, ки низомиёни исроилӣ бо 10 худрави низомӣ имрӯз вориди минтақаи Сайд ал-Ҳанут дар ҳавмаи ҷанубии Қунайтара дар ҷануби Сурия шуда ва иқдом ба барпоии пости истбозрасӣ карданд. Онҳо ҳамчунин манзилҳоро низ бозрасӣ карданд.
Ин манбаъҳо ба мухолифати сокинон бо тавзеъи кумакҳои исроилӣ пас аз вуруди онҳо ба ин минтақа ишора карданд.
Ҳамчунин манбаъҳои сурӣ аз вуруди низомиёни ишғолгар ба рустои Айн Зивон дар ҳавмаи ҷанубии Қунайтара ва эҷоди пости бозрасӣ дар он хабар доданд.
Гуфтанист, ки режими саҳюнистӣ аз замони суқути низоми собиқи Сурия, даст ба ҳамлаҳои густарда ба Сурия задааст ва чанде қабл низ ба баҳонаи ҳимоят аз Друзҳо, манотиқе аз Димашқро бомбаборон кард.
Аз замони суқути низоми Башшор Асад, артиши ин режим бо убур аз хатти ҳоил байни минтақаи ишғолии Ҷӯлон бо Сурия, ба идомаи ишғоли манотиқи наздик ба Ҷӯлон дар устонҳои Даръо ва Қунайтара пардохтааст.
Your Comment